إعدادات العرض
Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ
Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Гуноҳони кабира иборатанд аз: ширк овардан ба Аллоҳ, бадрафторӣ бо падару модар, куштани инсони бегуноҳ ва савганди дурӯғ".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල தமிழ் دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली or ಕನ್ನಡ Română Soomaali Српски Wolof Moore Українська Azərbaycan ქართული Magyar Македонски Bambara አማርኛ Български Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Italiano O‘zbek Yao Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба баёни гуноҳони кабира пардохтанд ва манзур аз гуноҳони кабира он гуноҳоне ҳастанд, ки анҷомдиҳандааш ба ваъиди шадид дар дунё ва охират таҳдид шудааст. Нахустини он гуноҳон "Ширк овардан ба Аллоҳ" аст. Ширк, яъне анҷом додани ҳар ибодате барои ғайри Аллоҳ ва баробар сохтани касе ё чизе ба Аллоҳ дар яке аз хусусиятҳои улуҳият ва рубубият ва номҳову сифатҳои Аллоҳ аст. Дувум: "Оқи волидайн", яъне, ҳар амале, ки ба падару модар озор мерасонад, чи дар гуфтор ва чи дар рафтор бошад (оқи волидайн) аст. Инчунин беэътиноӣ ва некӣ накардан дар ҳаққи онҳо низ (дар ин гуноҳ) шомил мешавад. Ва сеюм: "Куштани инсон", албатта, агар куштани ноҳақ бошад, монанди куштан аз рӯйи зулм ва таҷовуз дар ҳаққи дигаре. Чаҳорум: "Савганди бардурӯғ", яъне савганде, ки шахси савгандхӯрда медонад, ки савгандаш дурӯғ аст. Ин савгандро "ғамус" (ғутавар) ном ниҳодаанд, ки соҳибашро дар гуноҳ ё дар оташи дӯзах ғутавар месозад.فوائد الحديث
Савганди ғамус (савганди дурӯғин барои чизе, ки дар гузашта рух додааст) ба сабаби шиддати хатарнок ва ҷиноят буданаш каффора надорад, балки тавба дорад.
Ба таври хос зикр шудани чаҳор гуноҳ дар ин ҳадис барои бузург будани ин гуноҳон аст, на барои маҳдуд кардани гуноҳони кабира.
Гуноҳон бар ду навъ: кабира ва сағира тақсим мешаванд. Гуноҳи кабира: ҳар гуноҳе аст, ки барои он ҷазои дунявӣ омада бошад, аз қабили ҳудуд, нафрин ва лаънат ва ё таҳдиди ухравӣ монанди таҳдиди дӯзахӣ шудан. Гуноҳони кабира дараҷаҳо доранд, ки таҳрими баъзеашон шадидтар аз дигараш аст. Ҳар гуноҳе, ки аз ҷумлаи гуноҳони кабира набошад, гуноҳи сағира аст.
التصنيفات
Накуҳиши гуноҳон