إعدادات العرض
Ҳар масткунандае май аст ва ҳар масткунанда ҳаром аст ва ҳар кас дар дунё май нӯшад ва дар ҳоли гирифтории он бимирад ва тавба накарда бошад, дар охират онро…
Ҳар масткунандае май аст ва ҳар масткунанда ҳаром аст ва ҳар кас дар дунё май нӯшад ва дар ҳоли гирифтории он бимирад ва тавба накарда бошад, дар охират онро наменӯшад
Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар масткунандае май аст ва ҳар масткунанда ҳаром аст ва ҳар кас дар дунё май нӯшад ва дар ҳоли гирифтории он бимирад ва тавба накарда бошад, дар охират онро наменӯшад".
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Français Русский हिन्दी 中文 ئۇيغۇرچە Bahasa Indonesia اردو Kurdî Português دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Yorùbá Кыргызча Kiswahili ગુજરાતી Hausa नेपाली Română മലയാളം Nederlands සිංහල پښتو తెలుగు Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof Soomaali አማርኛ Malagasy বাংলা Oromoo ไทย Tagalog मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe ភាសាខ្មែរ Español O‘zbek தமிழ் ms Shqipالشرح
Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар чизе, ки ақли одамиро хира кунад ва аз байн бибарад майи масткунанда аст, чи нӯшиданӣ бошад, чи хурданӣ ва чи бӯйиданӣ ё навъҳои дигар. Аллоҳ Таъоло ҳар он чи ақлро аз байн бибарад ҳаром сохта ва аз он наҳй кардааст, кам бошад ё зиёд. Ва ҳар касе яке аз анвоъи ин масткунандаҳоро бинӯшад ва бар ин кор мудовимат дошта бошад ва тавба накарда бимирад, сазовори ҷазои илоҳӣ аст, ки аз нӯшидани он дар биҳишт маҳрум шавад.فوائد الحديث
Сабаби таҳрими май, масткунанда буданаш аст. Бинобар ин, ҳар чизе, ки маст кунад - аз ҳар ҷинсе бошад - ҳаром аст.
Аллоҳ Таъоло майро ҳаром кардааст. Аз сабаби он ки дар он зарар ва бадиҳои бузург мавҷуд аст.
Шароб нӯшидан дар биҳишт нишонаи ҳаловати комил ва саодати комил аст.
Касе, ки дар дунё аз нӯшидани шароб даст накашад, Худованд ӯро дар биҳишт аз нӯшидани он маҳрум мекунад, пас подош аз ҷинси амал аст.
Ташвиқ барои оғоз кардани тавба аз гуноҳҳон пеш аз марг.
التصنيفات
Нӯшиданиҳои ҳаром