إعدادات العرض
Ҳар мусалмон уҳдадор аст, ки дар ҳафт рӯз як бор ғусл кунад ва дар он сару бадани худро бишӯяд
Ҳар мусалмон уҳдадор аст, ки дар ҳафт рӯз як бор ғусл кунад ва дар он сару бадани худро бишӯяд
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар мусалмон уҳдадор аст, ки дар ҳафт рӯз як бор ғусл кунад ва дар он сару бадани худро бишӯяд."
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa తెలుగు Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Soomaali Shqip Српски Українська Wolof Tagalog Moore தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Русский Македонски Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano O‘zbek Español Kurmancî 日本語الشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҳар як мусалмони болиғу оқил уҳдадор аст, ки дар ҳафт рӯзи як ҳафта як бор ғусл кунад ва дар он ғусл сару баданашро барои покӣ ва тозагӣ бишӯяд ва шоистатарин рӯз барои ин кор, чунонки дар баъзе ривоятҳо омадаааст, рӯзи ҷумъа аст. Ғусл дар рӯзи ҷумъа ва пеш аз намози ҷумъа бо таъкид мустаҳаб аст, ҳатто агар рӯзи панҷшанбу ғусл карда бошад. Ва ончи воҷиб будани ин ғуслро ба мустаҳаб поин меорад, сухани Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) аст, ки мефармояд: "Мардум дар кору талоши худ буданд ва чун ба намози ҷумъа мерафтанд ба ҳамон шакли (ва либоси кор) худ мерафтанд, пас ба онон гуфта шуд: "Агар ғусл кунед (беҳтар аст)" дар ривояти Бухорӣ. Ва дар ривояти дигар аз ӯ: "Бӯ доштанд" яъне бӯйи арақ ва монанди он, ва бо ин ҳол ба онон гуфта шуд: "Агар ғусл мекардед". Бинобарин барои дигарон мин боби авло (ғусл воҷиб нест).فوائد الحديث
Таваҷҷуҳ ва аҳамияти Ислом ба тозагӣ ва покӣ.
Ғусли рӯзи ҷумъа бо таъкид мустаҳаб аст.
Зикри сар, агарчи зикри бадан онро дар бар мегирад, барои ба тозагии он аҳамият додан аст.
Ғусл барои касе, ки бӯи нохуш дорад ва сабаби озори мардум мешавад, воҷиб аст.
Мавриди таъкидтарин рӯз барои ғусл, рӯзи ҷумъа аст, барои фазле ки ин рӯз дорад.
