Назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мусалмон шудан омадам, манро амр кард, ки бо об ва сидр ғусл кунам

Назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мусалмон шудан омадам, манро амр кард, ки бо об ва сидр ғусл кунам

Аз Қайс ибни Осим (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мусалмон шудан омадам, манро амр кард, ки бо об ва сидр ғусл кунам.

[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والترمذي والنسائي]

الشرح

Қайс ибни Осим назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва хост, ки исломро қабул кунад, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро фармуд, ки бо об ва барги дарахти сидр худро бишӯяд. Зеро барги ин дарахт барои шустушу истифода бурда мешавад ва бӯи хуш дорад.

فوائد الحديث

Ҷоиз будани ғусл кардани кофир ҳангоми ворид шудан ба Ислом.

Ислом ҳам ба ҷисм ва ҳам ба рӯҳ таваҷҷуҳи зиёд дорад.

Омехта кардани об бо ашёи пок, онро аз поккунанда буданаш берун намекунад.

Собун ва поккунандаҳои нав ҷои сидр барин маводи шустушӯйро ишғол мекунанд.

التصنيفات

Воҷиботи ғусл