إعدادات العرض
Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд
Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад. Ба дурустӣ, Худо муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд. Ва Худои Таъоло мефармояд: ﴾Эй паёмбарон аз покизаҳо бихӯред ва корҳои шоиста бикунед, ки ман ба он чи анҷом медиҳед, огоҳам﴿ [Сураи Муъминун, ояти 51]; ва муъминонро фармуд: ﴾Эй муъминон! Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред﴿ [Сураи Бақара, ояти 172]. Сипас Паёамбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро зикр кард, ки сафари дуру дарозе мекунад, бо мӯйҳои парешону гардолуд, дастонашро ба сӯйи осмон бардошта мегӯяд: "Эй Парвардигори ман, Эй Парвардигори ман!" Дар ҳоле, ки таому шароб ва либосаш аз ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас дар чунин ҳол чӣ гуна (дуои ӯ) иҷобат мешавад?!"
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tagalog ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල Русский Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം नेपाली Deutsch Кыргызча తెలుగు ქართული Moore Magyar Svenska Македонски ಕನ್ನಡ Українська አማርኛ Kinyarwanda Oromoo ไทย Lietuvių Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Malagasy ភាសាខ្មែរ O‘zbek தமிழ் Azərbaycan Wolof Čeština Shqipالشرح
Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки Аллоҳ Таъоло поку муқаддас аст, аз ҳар гуна нуқс ва айб орӣ ва бо тамоми сифатҳои комил ороста аст. Ӯ танҳо амалҳо, гуфторҳо ва эътиқодҳои покро мепазирад, яъне он чи холисона барои Худост ва мувофиқ ба суннати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Пас, набояд касе ба Аллоҳ наздик шавад, магар бо он чи пок ва дуруст аст. Аз бузургтарин сабабҳои қабул шудани амалҳо, пок будани хӯроки банда аст, яъне аз ҳалол будани ризқаш. Агар хӯрданаш ҳалол бошад, амалаш низ пок мешавад. Бар ҳамин асос, Аллоҳ ба муъминон ҳамон чизеро амр кардааст, ки ба паёмбарон фармудааст: хӯрдани ҳалол ва анҷоми аъмоли солеҳ. Худованд мефармояд: (Эй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам), дар ҷои дигар мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, аз чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред). Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз хӯрдани ҳаром, ки амалро фосид месозад ва монеи қабул шудани он мегардад, ҳушдор доданд, ҳарчанд инсон тамоми сабабҳои зоҳирии қабулро анҷом диҳад. Аз ҷумлаи ин сабабҳо: Аввал: Сафар кардан ба хотири тоатҳо, монанди ҳаҷ, ҷиҳод, силаи раҳм ва ғайра. Дувум: Зоҳири номураттаб: мӯйҳои парешон ва шона назада, хоколуд, либоси ифлос, яъне дар ҳолати ночорӣ ва ниёзмандӣ. Севум: Дастони худро ба сӯи осмон барои дуо мебардорад. Чаҳорум: Бо номҳои Аллоҳ дуо мекунад ва бо исрор мегӯяд: "Ё Рабб! Ё Рабб!" Аммо бо вуҷуди ин ҳама нишонаҳои иҷобати дуо, дуояш қабул намешавад! (Чаро?) Зеро хӯрокаш ҳаром, нӯшокиаш ҳаром, либосаш ҳаром ва бо ҳаром парвариш ёфтааст. Пас, имкон надорад дуои касе, ки дорои ин гуна хусусиятҳо аст, қабул шавад. Чӣ гуна дуои касе, ки бо ҳаром бузург шудааст, қабул шавад!?فوائد الحديث
Камоли Аллоҳ Таъоло дар Зот, сифатҳо, афъол ва аҳкомаш (комилу бе айб аст).
Амр ба ихлос дар амалҳо барои Аллоҳ ва пайравӣ аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
Бо истифода аз он чизе, ки ба амал ташвиқ мекунад. Чунон ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Худованд муъминонро ба он чи ба паёмбарон фармудааст, фармон додааст". Пас, агар муъмин донад, ки ин яке аз фармудаҳои паёмбарон аст, ба ӯ қувват мебахшад ва ба иҷрои он ташвиқ меёбад.
Аз ҷумлаи монеаҳои истиҷобати дуо хӯрдани ҳаром ва парвариш ёфтан бо молу ғизои ҳаром аст.
Аз сабабҳои иҷобати дуо панҷ чиз аст:
1. Дарозии сафар, зеро он боиси шикастагӣ ва ниёзмандии қалб мешавад, ки аз бузургтарин сабабҳои иҷобат аст.
2. Ҳолати дармондагӣ ва бечорагӣ. 3. Боло бурдани дастон ба самти осмон аз одоби дуо аст. 4. Илтиҷо ва исрор дар дуо, бо такрори «Ё Рабб, ё Рабб», ки аз роҳҳои бузурги иҷобат мебошад. 5. Хӯрданӣ ва нӯшидании ҳалол.
Хӯрдани ҳалол ва покиза аз сабабҳои кумак кунанда барои амали нек аст.
Қозӣ Айёз мегӯяд: «Тайиб» муқобили «хабис» (нопок) аст. Вақте ки Аллоҳ ба сифати «Тайиб» тавсиф мешавад, мақсад он аст, ки Ӯ аз ҳар нуқс ва айб пок ва муқаддас аст. Вақте ки ин сифат барои инсон гуфта мешавад, маънояш он аст, ки ӯ аз ахлоқи зишт ва аъмоли қабеҳ пок аст ва бо ахлоқи нек ороста шудааст. Вақте ки барои мол гуфта мешавад, мақсад он аст, ки он ҳалол ва аз беҳтарин молҳо мебошад.