Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ…

Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ]

Аз Абумасъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба дурустӣ, он чи мардум аз панди паёмбарони пешин дарёфтаанд, ин аст: "Ҳар гоҳ шарм накардӣ, пас ҳар чи мехоҳӣ бикун»". [Шарму ҳаё дар ҳамаи шариатҳои осмонӣ писандида ва мавриди ситоиш будааст. Яъне, агар шарму ҳаё надошта бошӣ, ки туро аз чизҳои ҳаром боздорад, пас ҳар чи хоҳӣ бикун, вале барои худ бадбахтӣ меорӣ].

[صحيح] [رواه البخاري]

الشرح

Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки яке аз васиятҳое, ки аз паёмбарони пешин омадааст ва мардум онро дар байни худ паҳн намуда, аз насл ба насл мерос гирифтаанд, то ба аввали ин уммат расидааст, чунин аст: Ба он чи мехоҳӣ анҷом диҳӣ, назар кун, агар он чизе бошад, ки анҷом доданаш сабаби шарму ҳаё нагардад, пас анҷомаш деҳ, аммо агар амале бошад, ки анҷом доданаш сабаби шарму ҳаё гардад, пас онро тарк кун. Зеро шарму ҳаё монеи асосии анҷоми корҳои зишту нораво аст. Ҳар касе, ки ҳаё надошта бошад, ба ҳар гуна фаҳшо ва амали зишт гирифтор мешавад.

فوائد الحديث

Шарму ҳаё асоси ахлоқи неку аст.

Шарму ҳаё хислате аз хислатҳои паёмбарон (алайҳиму-с-салом) мебошад ва ин хислат аз онҳо нақл шудааст.

Шарму ҳаё чизест, ки мусалмонро водор ба анҷом додани он чи ӯро зебо ва ороста мегардонад, мекунад, ва ӯро аз он чи, ки сабаби паст ва шарманда шуданаш аст, бозмедорад.

Нававӣ мегӯяд: Амри зикршуда дар ҳадис маънои мубоҳ (иҷозатдодашуда)-ро дорад. Яъне, агар хоҳӣ коре анҷом диҳӣ ва дар анҷом доданаш аз Аллоҳ Таъоло ва мардум шарм надорӣ, пас анҷом деҳ; вагарна, аз он дурӣ ҷӯй. Ва бар ҳамин асос дини Ислом поягузорӣ шудааст.

Тавзеҳаш ин аст: Он чи воҷиб ва мустаҳаб аст, тарки он боиси шарму ҳаё аст. Он чи ҳаром ва макруҳ аст, анҷомаш боис мешавад, ки инсон шарм намояд. Аммо амри мубоҳ, анҷом додан ё тарки он ҷоиз аст ва ҳеҷ яке боиси шарм нест.

Пас, ин ҳадис ҳамаи панҷ ҳукми шаръиро дар бар мегирад.

Гуфта шудааст: Ин амр маънои таҳдидро дорад, яъне агар шарм аз ту бардошта шавад, пас ҳар чи бихоҳӣ анҷом деҳ, зеро Худо туро муҷозот хоҳад кард.

Гуфтаи дигар: Ин амр ба маънои хабар аст, яъне ҳар касе, ки шарм надошта бошад, ҳар кореро анҷом медиҳад, чӣ дуруст, чӣ нодуруст.

التصنيفات

Ахлоқи писандида