Дар дунё он чуноне бош, ки гӯё ғариб ва ё роҳгузаре ҳастӣ

Дар дунё он чуноне бош, ки гӯё ғариб ва ё роҳгузаре ҳастӣ

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз китфи ман дошта чунин фармуданд: "Дар дунё он чуноне бош, ки гӯё ғариб ва ё роҳгузаре ҳастӣ». Ва Ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) (ҳамеша) мегуфт: "Ҳар гоҳ шаб фаро расад, мунтазири субҳ набош ва ҳар гоҳ ки ба субҳ расидӣ, мунтазири шаб набош. Ва аз сиҳатмандии худ (чизе) барои бемориат ва аз ҳаёти худ (чизе) барои маргат бигир.

[صحيح] [رواه البخاري]

الشرح

Ибн Умар (разияллоҳу анҳумо) ёдовар мешавад, ки Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз шона (пайванди бозуву шона)-и ӯ гирифт ва фармуд: "Дар дунё монанди ғариб бош." Яъне, мисли касе бош, ки ба шаҳре омада, ки на хона дорад дар он паноҳ барад, на дӯстоне, ки ӯро дилбардорӣ кунанд. Аз хешу ақрабо, фарзандону наздикон дур, зеро маҳз ҳамин чизҳоянд, ки инсонро аз Парвардигораш машғул месозанд, Балки аз ғариб ҳам шадидтар бош, монанди мусофире, ки роҳро тай мекунад, дар роҳ аст ва ба ватани аслиаш меравад. Зеро шахси ғариб мумкин аст дар кишвари бегона иқомат кунад ва худро ҷо кунад. Аммо мусофир, ки танҳо аз роҳ мегузарад ва қасди расидан ба манзили худро дорад, чунин нест. Балки мақсади ӯ сабукӣ овардан ва зудтар ба ватани аслиаш расидан аст, на таваққуф ва истиқомат кардан. Ҳамин тавр ки мусофир ба чизе беш аз он чи ки ӯро то охири роҳ мерасонад, эҳтиёҷ надорад, муъмин низ дар дунё ба чизе беш аз он чи ки ӯро ба охират мерасонад, ниёз надорад. Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ба ин васияти Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амал мекард ва мегуфт: "Ҳангоме ки саҳар кардӣ, интизори шаб машав; ва ҳангоме ки шаб кардӣ, интизори саҳар машав. Ва худро аз аҳли қабрҳо бишмор". Зеро умр ҳамеша дар ҳолати тағйир аст, гоҳе сиҳатӣ, гоҳе беморӣ ва инсон намедонад кай умраш ба поён мерасад. Пас дар рӯзҳои сиҳатият ба тоату ибодат талош кун, пеш аз он ки беморӣ монеи амали солеҳ гардад. Дар дунё зиндагиатро ғанимат шумор ва барои худ он чизеро ҷамъоварӣ ва захира кун, ки баъд аз маргат бароят судманд бошад.

فوائد الحديث

Гузоштани муаллим дасти худро бар китфи шогирд ҳангоми таълим барои улфат, таваҷҷуҳ додан ва бедор сохтани ҳушёрии ӯ аст.

Оғоз кардани насиҳат ва роҳнамоӣ ба касе, ки онро дархост накардааст.

Омӯзгории зебои Паёмбари (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки бо зарбулмасалҳои қонеъкунанда ба хубӣ таълим медод, чунончи, фармуданд: "Дар дунё чунон бош, ки гӯё ғариб ё мусофире бошӣ".

Мардум дар сафари худ ба сӯи охират мутафовит ҳастанд, монанди роҳгузар, ки нисбат ба ғариб, дар зуҳд мартабаи болотаре дорад.

Баёни кӯтоҳии умед ва омодагӣ барои марг.

Ин ҳадис маънои тарк кардани ризқ ва мамнуъ кардани лаззатҳои дунёро надорад, балки маънои ташвиқ ба зоҳидӣ ва каму ночиз шуморидани онро дорад.

Шитоб кардан дар анҷоми амалҳои савоб пеш аз нотавонӣ дар анҷоми он, ки метавонад беморӣ ё марг монеи анҷом додани он шавад.

Фазилати Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо), чун ӯ таҳти таъсири ин мавъизаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) қарор гирифт.

Ватани муъминон ҷаннат аст, бинобар ин, ӯ дар дунё ғариб ва мусофир ба сӯи охират аст. Дили ӯ ба ягон ҷои дунё пайваст нест, балки ба ватани худ, ки бармегардад, вобаста аст. Зиндагӣ дар ин дунё барои қонеъ кардани ниёзҳост ва омодагӣ барои бозгашт ба ватани аслиаш аст.

التصنيفات

Тазкияи нафс