Дар охири умматам мардуме хоҳанд, буд, ки барои шумо суханҳое мегӯянд, ки шумо ва падаронатон нашунидаед, пас аз онон дур бошед

Дар охири умматам мардуме хоҳанд, буд, ки барои шумо суханҳое мегӯянд, ки шумо ва падаронатон нашунидаед, пас аз онон дур бошед

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Дар охири умматам мардуме хоҳанд, буд, ки барои шумо суханҳое мегӯянд, ки шумо ва падаронатон нашунидаед, пас аз онон дур бошед."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки дар охири умматаш одамоне пайдо мешаванд, ки дурӯғ мебанданд ва чизҳое мегӯянд, ки касе пеш аз онон нагуфтааст ва ҳадисҳои дурӯғин ва сохтаро нақл мекунанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро амр намуданд, ки аз онон дурӣ кунем ва бо онон ҳамнишин нашавем ва ба суханонашон гӯш надиҳем. Мабодо ин гапи бофта ва дурӯғ дар зеҳни мардум ҷой гирад ва мо аз он халос шуда натавонем.

فوائد الحديث

Дар он яке аз нишонаҳои нубувват мавҷуд аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он чи дар умматашон рух хоҳад дод, хабар доданд ва ҳамон гуна ки хабар доданд, рух дод.

Дур будан аз касе, ки бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бар Ислом дурӯғ мебандад ва ба дурӯғи онон гӯш накардан.

Ҳушдор дар бораи қабули ҳадисҳо ё нашри он, магар баъд аз итмиънон ҳосил кардан дар бораи саҳеҳ будани ҳадис ва субути он.

التصنيفات

Аҳамияти суннат ва манзилати он, Тадвини суннати набавӣ, Зиндагии барзах