إعدادات العرض
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳар намоз таҳорат мекард
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳар намоз таҳорат мекард
Аз Амр ибни Омир аз Анас ибни Молик ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳар намоз таҳорат мекард, Гуфтам: Шумо чӣ гуна мекардед? Гуфт: Ҳамон таҳорат барои ҳар яке аз мо то вақте ки бетаҳорат нашуда будем, кифоят буд.
[Саҳеҳ] [رواه البخاري]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa తెలుగు Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Shqip Soomaali Српски Українська Wolof Moore Tagalog தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Македонски Русский Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano O‘zbek Français Español Kurmancî 日本語الشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ҳар намози фарз таҳорат мегирифт, ҳатто агар таҳораташ намешикаст. Ва ин барои ба даст овардани аҷру савоб буд. Бо як таҳорат зиёда аз як намози фарзро хондан ҷоиз аст, ба шарте ки таҳораташ нашикаста бошад.فوائد الحديث
Бештари кори Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кардан барои ҳар намоз буд ва ин барои ба даст овардани (фазилати) комилтар буд.
Барои ҳар як намоз таҳорат кардан мустаҳаб аст.
Бо як таҳорат чанд намозро гузоштан ҷоиз аст.
التصنيفات
Фазилати таҳорат