Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кард (ва ҳар узвро) ду бор ду бор (шуст)

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кард (ва ҳар узвро) ду бор ду бор (шуст)

Аз Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кард (ва ҳар узвро) ду бор ду бор (шуст).

[Саҳеҳ] [رواه البخاري]

الشرح

Баъзан Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақти таҳорат кардан узвҳоро дуборӣ мешуст. Яъне, рӯйро - ки обро дар даҳону бини кардан ҳам аз ҷумлаи он аст - ва дастону пойҳоро дуборӣ мешуст.

فوائد الحديث

Дар шустани узвҳо, якбор шустан воҷиб аст ва ҳарчи аз он зиёд шуд мустаҳаб аст.

Гоҳ-гоҳ узвҳоро дар таҳорат ду бор шустан машруъ аст.

Дар масҳи сар, як бор масҳ кашидани сар машруъ аст.

التصنيفات

Суннатҳо ва одоби таҳорат, Сифати таҳорат