Ҳаргоҳ садои муаззинро шунидед, монанди он чи мегӯядро бигӯед, сипас бар ман дуруд бифиристед

Ҳаргоҳ садои муаззинро шунидед, монанди он чи мегӯядро бигӯед, сипас бар ман дуруд бифиристед

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки ӯ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунид, ки мегуфт: "Ҳаргоҳ садои муаззинро шунидед, монанди он чи мегӯядро бигӯед, сипас бар ман дуруд бифиристед, зеро ҳар ки бар ман як дуруд бифиристад, Аллоҳ бар ӯ даҳ бор дуруд хоҳад фиристод. Сипас аз Аллоҳ барои ман "васила"-ро бихоҳед, зеро он манзилате аст дар биҳишт, ки танҳо шоистаи яке аз бандагони Аллоҳ аст ва умедворам он ман бошам. Пас ҳар ки барои ман "васила"-ро бихоҳад, шафоат баҳраи ӯ хоҳад шуд."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) роҳнамоӣ намуданд, ки ҳар кас садои муаззин барои намозро шунид, гуфтаи муаззинро баъд аз ӯ такрор кунад, ба ҷуз ду ҷумлаи (ҳайя алас-салот, ҳайя алал-фалоҳ), ки баъд аз он (Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ) мегӯяд. Сипас баъд аз поёни азон бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуруд мефиристад, зеро ҳар касе ба Ӯ як дуруд фиристад, Аллоҳ ба сабаби он бар ӯ даҳ дуруд мефиристад. Ва маънои дуруди Аллоҳ бар бандааш, санои Аллоҳ бар бандааш назди малоика аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр намуданд, ки аз Аллоҳ барои ӯ "васила" дархост шавад. Васила як мақому манзилатест дар биҳишт, ки болотарин манзилати он аст ва шоиста ва муяссар нест ҷуз барои як банда аз миёни ҳама бандагони Аллоҳ Таъоло. Ва он ҳазрат умедвор аст, ки он банда эшон бошанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) инро аз рӯйи тавозуъ баён намуданд, зеро агар он манзилат танҳо шоистаи як нафар бошад, он як нафар касе нест ҷуз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), зеро Ӯ беҳтарини офаридагон аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ доданд, ки ҳар кас барои ӯ "васила"-ро дар дуо бихоҳад, шафоаташ барои ӯ ҳосил мешавад.

فوائد الحديث

Ташвиқ бар ҷавоб додани муаззин.

Фазилати дуруд фиристодан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъди ҷавоб додани муаззин.

Ташвиқ бар дархости манзилати "васила" барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз дуруд фиристодан бар ӯ.

Баёни маънои "васила" ва ҷойгоҳи бузурги он, ба тавре ки танҳо шоистаи як банда аст.

Баёни фазли Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), он тавр ки он манзилати хосси эшон аст.

Ҳар ки аз Аллоҳ Таъоло барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) "васила" бихоҳад, шафоат барои ӯ ҳосил мегардад.

Баёни тавозуи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), чунки аз умматашон дархост карданд, ки барои ба даст овардани он манзилат барояшон дуо кунанд, бо вуҷуди он ки ин манзилат барои эшон хоҳад буд.

Фаровонии фазлу раҳмати Аллоҳ Таъоло, он тавр ки ҳар некӣ даҳ баробар хоҳад буд.

التصنيفات

Имон ба рӯзи қиёмат, Фазоили зикр, Азон ва иқомат