Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром (ҳарами маккӣ)

Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром (ҳарами маккӣ)

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром (ҳарами маккӣ)".

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати намозро дар масҷиди худ баён кардааст, ки савоби он беҳтар аз ҳазор намоз дар масҷидҳои дигари рӯи замин аст, магар Масҷидулҳаром дар Макка. Зеро намоз дар ин масҷид фазилаташ бештар аз намоз дар масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.

فوائد الحديث

Чанд баробар зиёд шудани аҷру савоби намоз дар Масҷидулҳаром ва масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).

Намоз дар Масҷидулҳаром беҳтар аз сад ҳазор намоз дар масҷидҳои дигар аст.

التصنيفات

Rulings of the Prophet's Mosque, Аҳкоми масҷидҳо