Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад

Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад

Аз Абуқатодаи Сулламӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касеро, ки дар ҳар вақте ва барои ҳар коре ба масҷид даромад, ташвиқ карданд, ки пеш аз нишастанаш ду ракаъат намоз бихонад, ва ин ду ракаъат "таҳияи масҷид" ном дорад.

فوائد الحديث

Барои таҳияи масҷид ду ракаъат намоз хондан пеш аз нишастан дар масҷид мустаҳаб аст.

Ин амр барои касе аст, ки дар масҷид қасди нишастан дорад. Аммо касе, ки вориди масҷид шавад ва пеш аз нишастан хориҷ шавад, шомили ин амр нест.

Агар намозгузор вориди масҷид шавад ва бубинад, ки мардум дар ҳоли намози ҷамоат ҳастанд ва вориди намоз шавад, ҳамон намози ҷамоат ба ҷои ин ду ракаъат кифоят мекунад.

التصنيفات

Намози татаввуъ (нафл), Аҳкоми масҷидҳо