Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту…

Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту хоҳонам

Аз Абуҳумайд ё Абуусайд ривоят аст, ки гуфт, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту хоҳонам."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) умматашро ба дуое, ки ҳангоми ворид шудан ба масҷид гуфта мешавад, ҳидоят кард: (Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун), пас аз Аллоҳ Таъоло талаб мекунад, ки асбоби раҳматашро барои ӯ фароҳам оварад. Ва чун хост аз масҷид берун равад, бигӯяд: (Бор илоҳо, аз фазли Ту металабам), пас аз Аллоҳ Таъоло фазли Ӯ ва эҳсони бештари Ӯ аз ризқи ҳалолро бихоҳад.

فوائد الحديث

Хондани ин дуо ҳангоми даромадан ба масҷид ва баромадан аз он мустаҳаб аст.

Зикри "раҳмат" ба таври хос ҳангоми ворид шудан ба масҷид ва ёд кардан аз "фазл" ҳангоми хориҷ шудан аз масҷид барои он аст, ки касе, ки ба масҷид дохил мешавад, машғул ба чизе мешавад, ки ӯро ба Аллоҳ ва биҳишташ наздик месозад. Пас, зикри "раҳмат" дар ин мақом муносиб аст. Ва чун аз масҷид берун меравад, дар роҳи касби фазлу неъмат ва рӯзии Аллоҳ талош мекунад, пас ёд кардан аз "фазл" дар ин ҷойгоҳ муносиб аст.

Ин зикрҳо ҳангоми даромадан ба масҷид ва баромадан аз он гуфта мешавад.

التصنيفات

Зикрҳои даромадан ва баромадан аз масҷид, Аҳкоми масҷидҳо