إعدادات العرض
Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ тар нигаҳдор
Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ тар нигаҳдор
Аз Абдуллоҳ ибни Буср (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки марде гуфт: "Эй Расули Худо, аҳкоми ислом бар ман зиёд шудааст, чизе ба ман бигӯ, ки ба он чанг бизанам". Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Забонатро ҳамеша бо зикри Аллоҳ тар нигаҳдор".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം नेपाली Deutsch Кыргызча ქართული Moore فارسی Magyar తెలుగు Svenska Македонски ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy ភាសាខ្មែរ Lietuvių O‘zbek தமிழ் Azərbaycan Wolof Čeština Shqipالشرح
Марде назди Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард, ки ибодатҳои нафлӣ (яъне суннату мустаҳабҳо) барояш бисёр шудаанд ва ба сабаби заъфаш аз иҷрои онҳо оҷиз мондааст. Сипас аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хоҳиш кард, ки амали осонеро ба ӯ нишон диҳад, ки савоби бисёр дошта бошад ва битавонад ба он амал чанг занад ва пойбанд бошад. Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро роҳнамоӣ кард, ки ҳамеша забонаш ба зикри Худованд, дар ҳар вақт ва ҳар ҳолат тар бошад, ба монанди тасбеҳ (субҳоналлоҳ), таҳмид (алҳамдулиллоҳ), истиғфор (астағфируллоҳ), дуо ва дигар зикрҳои ба ин монанд.فوائد الحديث
Фазилати мудовимат бар зикри Аллоҳ Таъоло.
Аз бузургтарин фазли Худо осон кардани роҳҳои ба даст овардани савоб аст.
Бартарии бандагон бар якдигар, саҳми онҳо дар корҳои некӣ ва хайр аст.
Зиёд зикр кардани номи Аллоҳ бо забон, бо тасбеҳ, таҳмид, таҳлил, такбир ва ғайра, ҳамроҳ бо мувофиқати дил, ҷойгузини бештари ибодатҳои нафлӣ аст.
Мурооти Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар посухи саволдиҳанда ба он чи ки муносиби ҳолати ӯ аст.
التصنيفات
Фазоили зикр