إعدادات العرض
Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст
Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية Kurdî English Kiswahili Español اردو Português বাংলা Bahasa Indonesia فارسی தமிழ் हिन्दी සිංහල Tiếng Việt മലയാളം Русский မြန်မာ ไทย پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá ئۇيغۇرچە Hausa دری Кыргызча or नेपाली Kinyarwanda Română తెలుగు Bosanski Lietuvių Nederlands Soomaali Српски Deutsch Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan 中文 Magyar Tagalog Македонски Malagasy Oromoo मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe O‘zbek ភាសាខ្មែរ msالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Исломро бо панҷ рукни он ба биное ташбеҳ кардааст, ки бар ин панҷ рукн устувор аст ва боқимонда вижагиҳои Ислом монанди комилкунандаҳои ин бино ҳастанд. Аввалини он рукнҳо, шаҳодатайн аст. Яъне, гувоҳӣ додан бар ин ки ҳеҷ илоҳи барҳаққе нест, ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст. Ва ин ду шаҳодат як рукнанд, ки аз якдигар ҷудо намешаванд. Банда бо эътироф ба ягонагии Аллоҳ ва сазовори ибодат будани Ӯ ба ягонагӣ ва дар ҳоле, ки ба муқтазои он амал мекунад ва ба паёмбарии Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) имон овардааст ва аз ӯ пайравӣ мекунад, ин (шаҳодатайн)-ро ба забон меорад. Рукни дуввум: Барпо доштани намоз аст. Ин рукн намозҳои панҷгонае, ки дар як шабонарӯз аст, монанди бомдод, пешин, аср, шом ва хуфтанро бо ҳама шартҳо, рукнҳо ва воҷиботашон дар бар мегирад. Рукни севум: Адо намудани закоти фарзӣ. Ин ибодати молии воҷибест, ки чун молу сарвати (шахси мусалмон) ба миқдори муайянкардаи шариат бирасад, (миқдори муайянкардаи шариатро гирифта) ба афроди мустаҳиқ дода мешавад. Рукни чаҳорум: Ҳаҷ, яъне сафар кардан ба Макка барои адои маросимҳои ҳаҷ, ба хотири ибодати Аллоҳ Таъоло. Рукни панҷум: Рӯзаи моҳи Рамазон. Даст кашидан аз хӯрдану нӯшидан ва дигар шиканандаҳои рӯза ба нияти ибодати Аллоҳ аз тулуи фаҷр то ғуруби офтоб.فوائد الحديث
Ҷудонашаванда будани ин ду шаҳодат, ба шакле, ки яке аз онҳо бидуни дуввумӣ дуруст нест, бинобар ин ҳарду шаҳодат як рукн ҳисоб мешавад.
Шаҳодатайн асоси дин ҳастанд, пас ҳеҷ сухане ва коре бидуни шаҳодатайн қабул намешавад.