إعدادات العرض
Эй мардум! Худованд бори ҷаҳолат ва расвоӣ ва фахрфурӯшӣ ба падаронро аз шумо дур кард
Эй мардум! Худованд бори ҷаҳолат ва расвоӣ ва фахрфурӯшӣ ба падаронро аз шумо дур кард
Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки фармуд: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи Фатҳи Макка дар хитоб ба мардум фармуданд: Эй мардум! Худованд бори ҷаҳолат ва расвоӣ ва фахрфурӯшӣ ба падаронро аз шумо дур кард. Бинобар ин мардум ду навъанд: солеҳ ва парҳезгор, ки дар назди Аллоҳ гиромӣ аст, ва нофармон, бадбахт, ки назди Аллоҳ беарзиш аст. Ва мардум фарзандони Одам ҳастанд ва Аллоҳ Одамро аз хок офарид. Аллоҳ Таъоло мефармояд: "Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ Таъоло парҳезкортарини шумост ва Аллоҳ Таъоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст." (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13).
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa తెలుగు Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Shqip Soomaali Српски Українська Wolof Moore Tagalog தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Македонски Русский Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano O‘zbek Français Español Kurmancî 日本語الشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзи Фатҳи Макка барои мардум хутба гуфт ва фармуд: Эй Мардум! Ҳамоно Аллоҳ такаббур, ҳамосаи ҷоҳилият ва фахрфурӯшӣ ба падаронро аз миёни шумо бардоштааст. Ва мардум бар ду навъанд: Ё муъмини парҳезгор, солеҳ, фармонбардор ва ибодаткунандаи Аллоҳи бузург аст, ки ин назди Аллоҳ гиромӣ аст, ҳатто агар назди мардум дорои ҳасаб ва насаб набошад. Ва ё ин ки кофири фоҷири бадбахт, ки чунин одам назди Аллоҳ беарзишу хор аст, агарчи назди мардум қудрату обрӯ ва эътибор дошта бошад. Ва ҳамаи мардум фарзандони Одам ҳастанд ва Аллоҳ Одамро аз хок офарид, пас барои касе, ки аз хок офарида шудааст, сазовор нест, ки такаббур ва худписандӣ кунад. Ва мисдоқи он ин сухани Аллоҳ Таъоло аст, ки мефармояд: "Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ Таъоло парҳезкортарини шумост; ва Аллоҳ Таъоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст." (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13).فوائد الحديث
Наҳйи аз фахр кардан бо насаб ва ҷойгоҳ.
