Ба якдигар ҳасад набаред; ба якдигар зиён нарасонед; ба якдигар кина нагиред; ба якдигар душманӣ накунед; баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва эй…

Ба якдигар ҳасад набаред; ба якдигар зиён нарасонед; ба якдигар кина нагиред; ба якдигар душманӣ накунед; баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба якдигар ҳасад набаред; ба якдигар зиён нарасонед; ба якдигар кина нагиред; ба якдигар душманӣ накунед; баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед; мусулмон бародари мусулмон аст, бар ӯ зулм накунад, ӯро хиёнат накунад, ӯро таҳқир накунад. Тақво ана ин ҷост». -Ва ба синаи худ се бор ишорат кард– «Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ".

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мусалмонро ба бародари мусалмонаш бо некиҳо васият кард ва баъзе вазифаҳо ва одоберо, ки нисбат ба онҳо бояд дошта бошад, шарҳ дод, аз ҷумла: Васияти аввал: Ҳасад набаред, ба ин сурат, ки баъзе аз шумо орзуи аз байн рафтани неъматҳои дигаронро дошта бошад. Васияти дуввум: Қиммати молро бо дурӯғ ва бе ниёз ба харид зиёд накунед, яъне нархро зиёд накунед, вақте ки намехоҳед онро бихаред, балки мақсадаш ё кумак ба фурӯшанда аст ё зарар расонидан ба харидор. Васияти сеюм: Бо якдигар душманӣ макунед! Ва он зарар расондан аст, ки зидди муҳаббат мебошад, магар ин ки душманӣ барои Аллоҳ Таъоло бошад, дар ин ҳолат воҷиб аст. Васияти чаҳорум: Ба якдигар пушт нагардонед, ба ин маъно, ки ҳар яке аз шумо ба бародараш пушт гардонад ва аз ӯ рӯй гардонида ӯро тарк кунад. Васияти панҷум: Болои муомилаи якдигар муомила накунед, монанди ин ки ба харидор бигӯяд: "Ман мисли ҳамин чизро бо нархи камтар ё сифати беҳтар дорам". Сипас, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба васияти умумие ишора карданд ва фармуданд: Ҳамчун бародароне барои ҳамдигар бошед, бо парҳез аз он чи манъ карда шуд, ва бо баён намудани муҳаббат, нармӣ, шафқат, муомила ва ҳамкорӣ дар некукорӣ, бо покии дилҳо ва маслиҳат дар ҳар ҳолат. Ва аз лавозими ин бародарӣ, ин аст: Ба бародари мусалмонаш зулму ситам накунад ва ба ҳаққи ӯ таҷовуз накунад. Бародари мусулмонашро дар ҳолати мазлумият танҳо нагузорад ва ӯро дар ҷое, ки метавонад ёрӣ расонад ва зулмро аз ӯ бардорад. Ӯро таҳқир накунад ва кӯчак нашуморад ва ба ӯ бо назари поён ва ҳақоратангез нанигарад, ки ин аз бузургбинӣ ва такббуру ғурури дил бармеояд. Сипас, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) се бор баён намуданд, ки тақво дар дил аст ва касе, ки дар дилаш тақво дошта бошад, ки он ахлоқи хуб ва тарс аз Худову ва назорати Ӯро ба ҳамроҳ дорад, ӯ ягон мусалмонро паст намешуморад. Сипас баён намуданд, ки аз хислатҳои бад ва ахлоқи паст барои шахс ҳамин кофӣ аст, ки бародари мусалмонашро таҳқир кунад, ки ин нишони такббуру ғурур дар дил аст. Сипас, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таъкид карданд, ки ҳар мусалмон бар мусалмони дигар ҳаром аст: рехтани хунаш, яъне касе набояд бо қатл ё ҷароҳат ё задан ва дигар амалҳо ба ӯ осеб расонад; молаш, яъне касе набояд бидуни ҳақ молашро бигирад; ва номусаш, яъне бо бадгӯӣ аз шахсият ва аслу насаби ӯ.

فوائد الحديث

Амр ба ҳама чизҳое, ки муқтазои бародари имонӣ аст ва манъ аз ҳар чизе, ки бар зидди он суханҳо ва амалҳо аст.

Асоси тақво он аст, ки дар қалб маърифати Худо, тарс аз Ӯ ва назорат кардани Худо бошад. Аз ҳамин гуна тақвои қалбӣ аъмоли солеҳ ба вуҷуд меоянд.

Гумроҳии зоҳирӣ бар заъфи тақвои қалб далолат мекунад.

Озор додани мусалмон ба ҳар шакле, хоҳ бо гуфтор бошад ё бо амал, манъ шудааст.

Ин ки як мусалмон орзу кунад мисли шахси дигар неъмате дошта бошад, бидуни орзуи аз байн рафтани он аз дигарон, ҳасад нест. Инро "ғибта" меноманд ва он ҷоиз аст, зеро барои мусобиқа дар корҳои нек кумак мекунад.

Инсон табиатан намехоҳад, ки касе дар ягон фазилат аз ӯ пеш гузарад. Агар дӯст дорад, ки он неъмат аз дигарон бардошта шавад, ин ҳасади мазамматшуда аст. Вале агар хоҳиши пешӣ гирифтан дар фазилат дошта бошад, ин ғибтаи ҷоиз аст.

Агар ба харидор фаҳмонад, ки ӯ дар харидорӣ фиреби шадиде хӯрдааст, аз фурӯши мусалмон бар фурӯши бародараш ҳисобида намешавад, зеро ин аз ҷумлаи талаботи насиҳат кардан аст, ба шарте, ки қасди ӯ ростгӯӣ ва насиҳат ба бародари мусалмонаш бошад, на зарар расондан ба фурӯшанда. Зеро амалҳо бо ниятҳо бастагӣ доранд.

Ин аз фурӯши мусалмон бар фурӯши бародараш ҳисобида намешавад, агар фурӯшанда ва харидор ҳанӯз бо ҳам ризо нашуда бошанд ва нарх муқаррар нашуда бошад.

Душманӣ дар роҳи Худо аз ҷумлаи душмание, ки дар ҳадис манъ шудааст, нест, зеро душманӣ дар роҳи Худо воҷиб аст ва аз мустаҳкамтарин пайвандҳои имон ба шумор меравад.

التصنيفات

Ахлоқи писандида, Тазкияи нафс